homepage

Ҷойҳои санитарӣ

Таркиби прокладкаҳои Always аз чӣ иборат аст?

Мо дарк менамоем, ки Шумо таркиби маҳсулотеро, ки ҳамарӯза истифода мекунед, донистан мехоҳед. Аз ин рӯ мо талош мекунем, то маълумоти заруриро ба шумо пешниҳод намоем, то ки Шумо маҳсулоти барои худ мувофиқро интихоб кунед.

Прокладкаҳои Always аз маводҳое сохта шудаанд, ки онҳо барои ҳузуру ҳаловат ва муҳофизати бадан мувофиқ мебошанд. Барои шинос шудан бо шарҳи муфассал оиди таркиби маҳсулоти мо ва мақсади ҳар яке аз ҷузъҳои он лутфан ба ҷадвали зер нигаред.

Оё Шумо ягон саволе доред?

Оё маҳсулоти Always бехатар аст?

Бале, прокладкаҳои мо бехатаранд ва онҳор миллионҳо занон ҳар рӯз истифода мебаранд. Бехатарии Шумо аз авлавиятҳои ҳамаи фаъолиятҳои мо мебошад, бинобар ин маҳсулотҳои мо аз санҷиши бодиққат, аз ҷумла озмоиш аз ҷониби мутахассисони мустақил, аз қабили духтурон, олимони донишгоҳҳо ва мақомоти тандурустӣ мегузаранд. Зиёда аз 1800 санҷишҳо оиди сифати маводҳои прокладка ҳангоми истеҳсол ва пеш аз истифодабарӣ гузаронида мешаванд. Ҳар сол беш аз 20,000 санҷишҳои прокладкаҳои мо ва ҷузъҳои онҳо аз ҷониби лабораторияҳои мустақил гузаронида мешаванд. Илова бар ин, маҳсулоти Always (Always Ultra, Always Night, Always Sensitive) соҳиби сертификати созмони Health Skin Alliance гардидаанд.

Оё прокладкаҳои Шумо ба пӯст зарар мерасонанд?

Не, прокладкаҳои мо набояд ба пӯст зарар расонанд. Ҳамаи маҳсулоти мо аз санҷиши ҷиддӣ мегузаранд, то ки онҳо барои истифода бехатар бошанд. Намунаи озмоиши бехатариро метавон инҷо пайдо кард.

Оё прокладкаҳои хушбӯй бехатаранд? Оё онҳо ба пӯсти ман зарар намерасонанд ва боиси хориш дар пӯсти ман намегарданд?

Бехатарии Шумо асоси ҳамаи фаъолиятҳои моро ташкил медиҳад ва прокладкаҳои хушбӯи мо ба мисли дигар маҳсулоти мо барои истифода бехатаранд. Мо маводҳо, аз қабили хушбӯйҳоеро интихоб мекунем, ки ба пӯст азият намеоранд ва ҳангоми истифодаи прокладкаҳо боиси пайдошавии хориш намегарданд. Ғайр аз ин, хушбӯйҳое, ки дар прокладкаҳои мо истифода бурда мешаванд, ба стандартҳои қатъии бехатарии Иттиҳодияи байналмилалии хушбӯйҳо - яке аз ниҳодҳои аслӣ оид ба бехатарии хушбӯйҳо дар ҷаҳон ҷавобгӯ мебошанд. Мо маҳсулоти бе бӯйи худро барои онҳое тавсия медиҳем, ки ба маҳсулоти бе бӯй бартарӣ медиҳанд ва дар баробари хушбӯйҳо ҳассосият доранд.

Барои чӣ прокладкаҳои Шумо 100% аз пахта нестанд?

Маҳсулотҳои мо ба стандартҳои ҷиддии бехатарӣ ва муваффақият ҷавобгӯянд, новобаста аз он чизе, ки онҳо сохта шудаанд. Ҳар як зан ва ҷараён гуногун аст, бинобар ин, мо ба таъмини интихоби маҳсулот боварӣ дорем. Бинобар ин, мо барои заноне, ки прокладкаро бо компонентҳои оддӣ мехоҳанд, ки метавонанд ба онҳо этимод кунанд, Always Sensitive Essentials - ро таҳия кардаем. Ҳеҷ зарурате барои мусолиҳа нест, Sensitive Essentials тасаллии боваринок ва муҳофизати боэътимод Always-ро бо компонентҳои оддӣ таъмин мекунад, ки озод аз рангҳо, хушбӯй ва хлор аст.

Оё дар прокладкаҳо хлори сафедкунанда вуҷуд дорад?

Не, прокладкаҳои Always Sensitive Essentials бо раванди пурра бидуни хлори сафедкунанда тоза карда мешаванд ва боқимондаи прокладкаҳои мо бо истифодаи раванди элементҳои аз хлори сафедкунанда озод тоза карда мешаванд. Ҳар дуи равандҳо баробар бехатаранд.

Чаро прокладкаҳо сафед карда мешаванд?

Таъминкунандагони мо барои тоза кардани нахҳои селлюлоза маҳсулоти мо аз як раванди бидуни хлори сафедкунанда истифода мекунанд. Тозакунӣ омехтаҳои табииро бароварда, риштаҳоро тоза мекунад, то ки барои истеҳсол тайёр шаванд. Сафедкунии риштаҳо натиҷаи ин раванд аст, на балки мақсади он. Прокладкаҳои Always Sensitive Essentials имконеро пешниҳод мекунанд, ки дар он нахи селлюлоза тавассути усули алтернативӣ тоза карда мешавад, ки умуман дар он аз хлор истифода намегардад ва гидрогени пероксид ба кор бурда мешавад.

Оё дар прокладкаҳоятон рангҳои заҳрнок вуҷуд доранд?

Не, вуҷуд надоранд. Рангҳои дар якчанд маҳсулоти мо истифодашуда аз санҷиши ҷиддӣ, аз ҷумла озмоиш аз ҷониби олимон, мутахассисони ниҳодҳои тандурустӣ ва мақомоти роҳбарикунанда мегузаранд, то ки бехатарона истифода бурда шаванд.

Шумо чӣ тарз итминон медиҳед, ки маҳсулоти шумо бехатар аст?

Боварии комил дошта бошед, ки раванди озмоиши илмии мо бехатарии занонеро, ки маҳсулоти моро истифода мебаранд, таъмин месозад. Танҳо маҳсулот ва маводҳое, ки аз стандартҳои илмии бехатарӣ мегузаранд, ба бозор бароварда мешаванд. Ғайр аз ин, мо озмоишҳои худро ба олимон, мутахассисони ниҳодҳои тандурустӣ ва мақомоти роҳбарикунанда нишон медиҳем, то ки маҳсулотҳои мо бехатарона истифода бурда шаванд. Барои маълумоти иловагӣ дар бораи раванди бехатарии мо ба ин сомона нохун занед.

Ӯҳдадории мо барои таъмини бехатарӣ

Always тамоми саъю кӯшишро ба харҷ медиҳад, то ки ҳамаи маҳсулоти мо аз санҷиши ҷиддии бехатарӣ гузаранд. Илова бар ин, мо муҳим мешуморем, ки арзёбии бехатарии маҳсулоти мо аз тарафи коршиносони мустақил гузаронида мешавад, ки мутобиқатии маҳсулоти мо бо талаботи бехатарии пӯстро месанҷанд. Барои ҳамин, мо барои соҳиб шудан ба сертификати дерматологии созмони бонуфузи Health Skin Alliance хеле ифтихор дорем.

Аккредитатсияи Health Skin Alliance

Health Skin Alliance чӣ гуна ниҳод аст?

Бино ба гуфтаи масъулини ин ниҳод: “Health Skin Alliance аккредитатсияи дерматологии касбиро барои маҳсулотҳо, хизматрасониҳо ва брендҳо дар саросари ҷаҳон пешниҳод мекунад.

Мо ба истеъмолкунандагон кӯмак мекунем, то маҳсулотро дуруст интихоб кунанд ва итминон дошта бошанд, ки бехатарии маҳсулоти интихобнамудаи онҳо ба таври мустақилона санҷида шудааст.

Мо инчунин ифтихор мекунем, ки дар кори худ ба фаъолияти башардӯстона ва корҳои нек машғул мешавем.”

https://www.skinhealthalliance.org/about-us/

Маҳсулоти Always (Always Ultra, Always Night, Always Sensitive) соҳиби сертификати созмони Health Skin Alliance гардидаанд.

Аккредитатсияи Health Skin Alliance чӣ маъно дорад?

“Аккредитатсияи Health Skin Alliance тасдиқи он аст, ки маҳсулоти мо ҷавобгӯи тамоми талаботи бехатарии пӯст мебошад. Ин талабот аз ҷониби истеҳсолкунанда ё бренд муқаррар карда нашудаанд, балки аз ҷониби гурӯҳи мунтахаби дерматологҳо ва олимони пешқадами соҳаи пӯст тасдиқ карда мешаванд”, Ҷеймс Столлей, директори иҷроияи Health Skin Alliance

Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед онҳоро дар интернет ҷустуҷӯ намоед:

Сомонаи Health Skin Alliance – https://www.skinhealthalliance.org/

ва навор дар бораи ин ниҳод / фаъолиятҳои он: https://www.youtube.com/watch?v=NA-lr0UMxC4