homepage

ШИМҲОИ ALWAYS

Шимҳои Always аз чӣ сохта шудаанд? (Tajik)

Мо дар "Always" дарк мекунем, ки шумо таркиби ашёҳои ҳаррӯза истофода мебурдаатонро мехоҳед бидонед. Барои ҳамин, мо ӯҳдадор мешавем, ки ба шумо маълумоти лозимиро пешниҳод намоем, ва маҳсулоти барои шумо мувофиқро тавсия диҳем, то инки маҳсулоти ба шумо мувофиқ ва наздикояндаро интихоб намоед.

Шимҳои "Always" аз матоъҳо ва моводҳой ҳимоякунанда сохта шудаанд, ки барои тасаллӣ ва муҳофизати олӣ пешбинӣ гардидаанд. Лутфан дар поён барои шарҳи пурраи таркиби маҳсулоти мо ва ҳадафи ҳар як ҷузъ ва қисматҳоӣ он нигаред.

    Always-pants-ingredients-dt-cro

    1. Матоъи Тагпӯш

    Чунон тарҳрезӣ шудааст, ки онро дархуд монанди либоси тагпӯш эҳсос намоед.

    2. Матоъи эластикҳо (Чандир)

    Матоъи нарму мулоим бо эластикҳо имкон медиҳад, ки маҳсулот дар мобайн ва камар ҷойгир шавад. Эластикҳо озод аз латексҳои табиӣ (резинӣ) мебошад.

    3. Қабати болоӣ ва қабати иловагии дуюм

    Қабати болой ва қабати иловагии дуюм нарм аз матоъҳои синтетикии, ки дар либос ва либоси тагпӯш истифода мешаванд, монанд ва сохта шуда аст. Ин матоъҳои синтетикӣ барои зуд интиқол додани моеъҳо ба каналҳой абсорбент ва хушк нигоҳ доштани пӯст истифода мешаванд.

    4. Каналҳой (мағзи) абсорбентй

    Асосии матоъ (чандир) аз селюлозаи намкаш сохта шудааст. Дар шакли дигари тунукктар, ин матоъ дар ашёҳои гуногун ба монанди халтаҳои чой ва либосҳои ҳаррӯза истифода бурда мешавад. Матоъи абсорбент дар истеҳсоли матоъҳо аз соли 1920 истифода мешавад. Матоъ (чандир) дар як қабати тунуки синтетикӣ печонида мешавад, то инки гавҳароҳи гели абсорбент дар каналхо барои беҳтаркунии намкашияш илова карда шудаанд, .

    5. Технологияи безараргардонии ва барҳамдиҳии бӯй

    Технологияи безараргардонии ва барҳамдиҳии бӯйи мо як маводи истисноӣ мебошад, ки ҷузъҳо ва қисматҳой интихобшуда бо бӯи сабуки шабеҳи атр мебошад, ва он ба поёни қабати асосии абсорбент истифода мешавад. Ҳамин тариқ, барои ниқоб ва безарар кардани бӯи бад дар шим оптимизатсия карда шудааст. то ин ки бӯйи нохӯшро пинҳон намуда ва барҳам диҳад.

    6. Қабати қафоӣ

    Қабати қафои нам-ногузар аз матоъҳои синтетикӣ барои нигоҳ доштани моеъ дар дохили он сохта шудааст, то инки моеъ дар дарун нигоҳ дошта шавад.

    7. Часпоноки

    Барои боҳам нигоҳдоштани қабатҳои шимҳо истифода мешавад.

    Агар шумо савол дошта бошед? Лутфан ба қисми саволу ҷавоб шинос шавед:

    Оё маҳсулотҳои "Always" бехатар аст?

    Бале, болиштҳо-лавҳаҳо ва астарҳой мо бехатаранд ва ҳар рӯз аз ҷониби миллионҳо занони дунё истифода бурда мешаванд. Амният ва бехатарии шумо дар маркази тавҷуҳи тамоми корҳое, ки мо мекунем, қарор дошта, бино бар ин маҳсулоти мо ба таври ҷиддӣ ва сахтгирона санҷида мешавад, аз ҷумла арзёбии коршиносони мустақил, аз қабили табибон, олимони донишгоҳҳо, мақомот ва мутахасисони тандурустӣ. Зиёда аз 1800 санҷиши сифат дар матоъҳо ҳангоми истеҳсол пеш аз истифодай матоъҳо гузаронида мешавад. Ҳар сол аз ҷониби лабораторияҳои мустақил беш аз 20,000 озмоишҳо дар ҷузъҳои онҳо гузаронида мешаванд. Илова бар ин, Always (Always Ultra, Always Night, Always Sensitive) аз ҷониби Alliance Health Skin Alliance "Дерматологӣ аккредитатсияшуда" тасдиқ карда шудааст.

    Оё лавҳаҳо пӯстро хориш мекунонанд?

    Не, лавҳаҳои мо сабаби хориши пӯст намешавад ва нахоҳад шуд. Ҳамай маҳсулоти мо аз санҷишҳои ҷиддии ва сахтгиронай бехатарӣ мегузаранд, то боварӣ ҳосил кунанд, ки онҳо барои истифода бехатаранд. Намунаи санҷиш ва арзёбии бехатариро дар инҷо пайдо карда ва дидан мумкин аст.

    Оё лавҳаҳои атрдор бехатаранд? Сабаби хориш ва варамкунии пӯст намешанд?

    Бехатарии шумо дар маркази таваҷҳуи ҳамай корҳой, ки мо мекунем, қарор дорад, аз ин рӯ, лавҳаҳои бедуни атри мо ва лавҳаҳои атрдори мо барои истифодабарӣ бехатаранд. Мо маҳсулотҳоро, аз ҷумла бӯи маҳсулоти хушбӯйамонро интихоб мекунем, ки ҳангоми истифода дар болишт ва лавҳаҳо ба пӯст хориш ва варам намегузоранд. Илова бар ин, атри дар лавҳаҳои мо истифода бурда шуда ба стандартҳои бехатарии International Fragrance Association, мутаассисаи обрӯманди ҷаҳон оиди бехатарии атр, мувофиқанд. Ба онҳое, ки маҳсулотҳои беатр интихоб мекунанд ё онҳое, ки ба атр ҳассосанд, маҳсулотҳои беатри худро тавсия ва пешниҳод мекунем.

    Барои чӣ лавҳаҳои шумо 100% аз пахта иборат нестанд?

    Кулли маҳсулот Always ба стандартҳои қатъии бехатарӣ ва самаранокӣ, новобаста аз он ки онҳо аз чӣ сохта шудаанд, ҷавобгӯ мебошанд. Лавҳаҳои "Always" ончуноне тарҳрезӣ шудаанд, ки сатҳи баланди муҳофизат ва бароҳатиро таъмин кунанд. Матоъҳои ки дар таркиби лавҳаҳой мо истифода бурда мешаванд, ба мо имкон медиҳанд, ки ин эҳтиёҷоти иҷроишро қонеъ кунем.

    Оё дар лавҳаҳо шустагари хлорӣ вуҷуд дорад?

    Не, лавҳаҳои Always Sensitive Essentials бо як раванди комилан аз хлор тоза карда мешаванд. Дигар лавҳвҳой мо тавассути поккунии бехлори дар ибтидо тоза карда мешаванд. Ҳарду раванд якхела баробар ва бехатаранд.

    Чаро ҳама гуна сафедкуниҳо дар нах-ҳо анҷом дода мешаванд, ва шустагарӣ ба лавҳаҳо чӣ лозим аст??

    Таъминкунандагони мо барои тоза кардани матоъ ва нахҳои селлюлоза дар маҳсулоти мо як раванди бе хлори элементиро истифода мебаранд. Тозакунӣ олудаҳо ва ифлосиҳои табииро нест мекунад ва нахҳоро тоза мекунад, то онҳоро барои истеҳсол омода созад. Сафед кардани нах-ҳо натиҷаи ин раванд аст, аммо ҳадаф ва мақсад он нест. Пластикҳои Always Sensitive Essentials тариқи дигари ро пешниҳод мекунанд, ки нахи селлюлоза тавассути усули алтернативӣ, ки Total Chlorine Free аст ва пероксиди гидрогенро истифода мебарад, тоза карда мешавад.

    Оё дар таркиби лавҳаҳо рангҳои заҳролуд вуҷуд дорад?

    Не, комилан вуҷуд надорад. Барои тасдиқи бехатарии истифодаи лавҳаҳо, пигментҳое, ки дар яке аз лавҳаҳои мо истифода бурда мешавад, аз тарафи олимон, мутахассисони тандурустӣ ва мақомоти бонуфуз ба таври ҷиддӣ санҷида ва арзёбӣ шудаанд, то боварӣ ҳосил шавад, ки онҳо метавонанд бехатар истифода шаванд.

    Бехатарии маҳсулотатонро чӣ гуна тасдиқ мекунед?

    Боварӣ ҳосил кунед, ки раванди арзёбии ва санҷиши илмии мо барои таъмини бехатарии заноне, ки маҳсулоти моро истифода мебаранд, кор мекунад. Танҳо маҳсулот ва маводҳое, ки ба стандартҳои бехатарии илм асосёфта мувофиқанд, метавонанд ба фруш русхат дода шаванд. Ғайр аз он, мо арзёбиҳои худро бо олимон, мутахасисони соҳаи тандурустӣ ва мақомоти бонуфуз мубодила мекунем, то боварӣ ҳосил кунем, ки маҳсулоти мо метавонанд бехатар истифода шаванд.

    Уҳдадории мо оид ба бехатарӣ

    "Always" ӯҳдадор аст, ки тамоми маҳсулоти мо ба стандартҳои қатъии бехатарӣ ҷавобгӯ бошанд. Илова бар ин, мо боварӣ дорем, ки баҳо диҳии бехатарӣ ва компонентҳои мо аз ҷониби коршиносони мустақил, ки маҳсулоти моро мувофиқи талаботи бехатарии пӯсти худ муқаррар мекунанд, муҳим аст. Аз ин рӯ, мо ифтихор дорем, ки маҳсулоти мо аз тарафи Skin Health Alliance “Аз ҷиҳати Дерматологӣ Аккредитатсия гузаштааст” ва ҷоиза гирифтааст.

    Аккредитатсияи Health Skin Alliance

    Health Skin Alliance чӣ гуна ниҳод аст?

    Бино ба гуфтаи масъулини ин ниҳод: “Health Skin Alliance аккредитатсияи дерматологии касбиро барои маҳсулотҳо, хизматрасониҳо ва брендҳо дар саросари ҷаҳон пешниҳод мекунад.

    Мо ба истеъмолкунандагон кӯмак мекунем, то маҳсулотро дуруст интихоб кунанд ва итминон дошта бошанд, ки бехатарии маҳсулоти интихобнамудаи онҳо ба таври мустақилона санҷида шудааст.

    Мо инчунин ифтихор мекунем, ки дар кори худ ба фаъолияти башардӯстона ва корҳои нек машғул мешавем.”

    https://www.skinhealthalliance.org/about-us/

    Маҳсулоти Always (Always Ultra, Always Night, Always Sensitive) соҳиби сертификати созмони Health Skin Alliance гардидаанд.

    Аккредитатсияи Health Skin Alliance чӣ маъно дорад?

    “Аккредитатсияи Health Skin Alliance тасдиқи он аст, ки маҳсулоти мо ҷавобгӯи тамоми талаботи бехатарии пӯст мебошад. Ин талабот аз ҷониби истеҳсолкунанда ё бренд муқаррар карда нашудаанд, балки аз ҷониби гурӯҳи мунтахаби дерматологҳо ва олимони пешқадами соҳаи пӯст тасдиқ карда мешаванд”, Ҷеймс Столлей, директори иҷроияи Health Skin Alliance

    Барои маълумоти иловагӣ Шумо метавонед онҳоро дар интернет ҷустуҷӯ намоед:

    Сомонаи Health Skin Alliance – https://www.skinhealthalliance.org/

    ва навор дар бораи ин ниҳод / фаъолиятҳои он: https://www.youtube.com/watch?v=NA-lr0UMxC4